Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Олмон хост дипломатҳои афғон дигар кор накунанд
Олмон аз сафир ва сарконсули Афғонистон дар шаҳри Берлин хост, ки ба фаъолиятҳои худ поён диҳанд.
Як дипломати афғонистонӣ дар суҳбат бо телевизиони Омӯ гуфтааст, давлати Олмон ба таври қатъӣ гуфта, ки ба Толибон иҷоза нахоҳад дод, то дипломат фиристанд. “Олмон фақат ба кормандони техникии сафорати Афғонистон дар Берлин ва консулгарии ин кишвар дар Бонн иҷоза додааст, ки то ба кори худ барои хизматрасонии консулгарӣ идома диҳанд”- таъкид кардааст, дипломати афғонистонӣ.
Ҳафтае қабл мақомоти расмии Англия аз сафорати Афғонистон дар Лондон хост, ки ба кори худ поён диҳанд. Намояндагони сафорати Афғонистон дар Лондон гуфтанд, ки мақомоти англис дар суҳбат ба онҳо иброз намудаанд, ки дигар иҷозаи фаъолияти дипломатӣ дар сафоратро намедиҳанд ва намояндагии ин кишвар ба Толибон супурда нахоҳад шуд.
Дар ҳоле намояндагиҳои дипломатии Афғонистон бидуни вогузорӣ ба тарафи гурӯҳи террористии Толибон дар Аврупо баста мешаванд, дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ намояндагиҳои ин кишвар ба гурӯҳи Толибон вогузор ва сафиронашон расман қабул карда мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”