Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Лубнон 163 табиб ва 11 журналист кушта шуданд
Вазири тандурустии Лубнон эълон кард, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба хоки Лубнон 163 табиб ва 11 журналист кушта шуданд.
Тибқи хабари вазири тандурустии Лубнон як ҳафтаи охир Исроил ба 55 бемористон ҳамла карда, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо 36 бемористон осеб дида, 7 бемористон ба таври пура аз фаъолият боз мондаанд.
Фарос Албайз, вазири тандурустии Лубнон дар ин маврид гуфт: “Аз замони ҳамлаи Исроил ба Лубнон 163 нафар аз кормандони соҳаи тандурустӣ кушта ва 272 нафари дигар захмӣ шуданд. Дар натиҷаи ҳамлаи Исроил ба бемористонҳо 158 мошини ёрии таъҷилӣ ва 57 мошини оташнишонӣ нобуд шуданд”.
Вазири тардурустии Лубнон мегӯяд, ки ҳамла ба бемористонҳо “ҷинояти ҷангӣ” аст ва аз замони оғози ҳамлаи Исроил ба Лубнон 11 хабарнигор низ кушта шудаанд.
Дар натиҷаи оғози ҳамлаи Исроил ба Лубнон 2593 нафар кушта шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”