Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Афғонистон, Чобаҳор ва Осиёи Марказӣ дар меҳвари гуфтугӯйи роҳбарони Эрон ва Ҳинд
Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии исломии Эрон ва Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳинд дар ҳошияи Иҷлосияи сарони кишварҳои узви БРИКС дар Русия оид ба масъалаи ҳалли буҳрони Афғонистон, рушди бандари Чобаҳор, ки ба тақвияти минтақа, ба вижа иртибот бо Осиёи Марказӣ боис мешавад, суҳбат намуданд.
Дафтари сарвазири Ҳинд дар пасманзари мулоқоти дуҷонибаи раҳбарони Эрон ва Ҳинд навишт, ки қарордоди рушд ва густариш додани бандари Чобаҳор барои бозсозӣ ва рушди Афғонистон ва тақвияти иртибототи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Осиёи Марказӣ аҳамият дорад.
Дар ин мулоқот Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳинд таъкид кард, ки “Рушди бандари Чобаҳор бузургтарин рукни ҳамкориҳои мост ва бовармандем, ки ин рушд нақши муҳимме дар танзими робитаҳои ду кишвар ва ҳамзамон робитаи Эрон ва Ҳинд бо дигар кишварҳои минтақа доранд”.
Масъуд Пизишкиён дар мулоқот таъкид намуд, ки кишварҳо бояд кумак кунанд, то Афғонистон ба сулҳу субот бирасад. Дафтари Президенти Эрон бо ишора ба суҳбатҳои Нарендра Модӣ оид ба масъалаи Афғонистон гуфтааст, ки “Бояд бо ангеза ва ирода ояндаро бисозем ва бо Афғонистон робита ва гуфтугӯ дошта бошем. Бояд кумак кунем, то миллати Афғонистон бо ҳалли мушкилот ба сулҳу оромиш ва рифоҳ бирасанд”.
Президенти Эрон таъкид кардааст, кишвараш аз ҳар гуна иқдом, ки боиси тақвияти сулҳу субот дар Афғонистон шавад, ҳимоят мекунад.
Сарвазири Ҳинд аз авҷ гирифтани нооромиҳо дар ин кишвар изҳори нигаронӣ карда, таъкид кард, ки барои ҳалли буҳрон ва коҳиши нооромиҳо аз дипломатия бояд истифода кард.
Нишасти солонаи БРИКС имсол дар Русия баргузор шуд, ки дар қатори кишварҳои узв, баъзе кишварҳои довталаби узвият ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Дабири кулли СММ низ иштирок доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”