Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
АФҒОНИСТОН ДАР ШАШ МОҲ БА МАБЛАҒИ 77, 5 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ЗАЪФАРОН СОДИР КАРД
Дар давоми шаш моҳи охири соли 2024 Афғонистон ба маблағи 77,5 миллион доллар заъфарон содир кардааст. Дар ин хусус, намояндаи Вазорати савдо ва саноати ҳукумати террористии Толибон Охундзода Абдул Салом Ҷавод хабар додааст.
“Аз моҳи март то августи соли 2024 Афғонистон 18 тонна заъфаронро ба маблағи 20,5 миллион доллар ва баъдан 617 тонна заъфаронро ба маблағи 57 миллион доллар ба хориҷа содир кард” – таъкид кардааст намояндаи Вазорати савдо ва саноати Афғонистон.
Ба таъкиди масъули вазорати зикршуда заъфарони арзишманд асосан ба кишварҳое ба мисли Чин, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ва Британияи Кабир содирот шудааст.
Ферула асафетида, ки дар Осиёи Миёна ва Шарқи Эрон мерӯяд, ҳоло дар Афғонистон фаъолона парвариш карда мешавад ва аз он ҷо ба бозори ҷаҳонӣ содир карда мешавад.
Заъфарон, ки дар Осиёи Марказӣ ва Шарқи Эрон мерӯяд, ҳоло дар Афғонистон фаъолона парвариш карда мешавад ва аз он ҷо ба бозори байналмилалӣ содир карда мешавад.
Вазорати кишоварзӣ, обёрӣ ва чорводории Афғонистон ба деҳқонони маҳаллӣ истеҳсоли заъфарон ва ферула асафетидаро омӯхтааст.
Маҳсулоти асосии содиротии Афғонистон ангишт, заъфарон, ферула асафетида, қолинҳои дастӣ ва сангҳои қимматбаҳо мебошанд.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”