Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
ДАР СУҒД ҲУНАРМАНДОН БАРОИ РУШДИ КОРХОНАҲОИ ХУД 420 ҲАЗОР СОМОНӢ ГИРИФТАНД
Маросими супоридани грантҳои раиси Вилояти Суғд ба ҳунармандон дар маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, қайд намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, таълими касбии занону духтарон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Дар маҷмуъ дар соли 2024 ба ҳунармандон дар доираи “Солҳои рушди саноат” аз раиси вилоят 60 грант ҷудо карда шудааст.
Ба ин грантҳо138 дархост барои рушди ҳунарҳо, ба монанди дӯзандагӣ, дӯзандагии лаппиш, истеҳсоли сувенирҳо, бофандагӣ, қолинбофӣ, кондитерӣ, гулпарварӣ ва ғайра ворид гардидааст.
Ҳунармандон ният доранд, ки грантҳоро барои васеъ кардани устохонаҳои худ истифода баранд, то дар натиҷа аз 10 то 20 ҷойҳои корӣ барои занони дигар таъсис дода шавад. Дар маҷмуъ, ин лоиҳаҳо таълим ва шуғли беш аз 550 занро дар бар мегиранд.
Ҳоло дар вилояти Суғд 288 маркази ҳунармандӣ, аз ҷумла 108 маркази таълимию истеҳсолӣ оид ба бофандагии атлас ва адрас ва 180 маркази дигари намудҳои ҳунармандӣ фаъолият доранд.
Дар марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ зиёда аз 30 ҳазор занону духтарон ба ҳунармандӣ машғуланд. Дар вилоят 40 сехи дӯзандагӣ фаъолият мекунад, ки ба саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамоянд.
Раиси вилоят ба 60 ҳунарманд грант дода, изҳори боварӣ кард, ки меҳнатдӯстӣ ва соҳибкории онҳо дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷомеа, эҳё ва рушди ҳунарҳо ва таъсиси ҷойҳои корӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”