Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Нефрологҳои эронӣ барои табибони тоҷик омӯзиш мегузаронанд
Аз 21 то 26 октябри Соли 2024 Дар Душанбе тренинг оид ба нефрология барои мутахассисони Тоҷикистон, ки бо дастгирии Вазорати Тандурустии ҶТ дар ҳамкорӣ Бо Ассотсиатсияи нефрологҳои Эрон ташкил карда шудааст, баргузор мегардад. Дар ин бора хадамоти матбуоти вазорат хабар дод.
Мутахассисони пешбари Эрон барои нефрологҳои Муассисаҳои тиббии "Истиқлол" ва "Шифобахш"омӯзиш хоҳанд дод.
Дар маросими ифтитоҳи чорабиниҳо таъкид гардид, ки чунин тренингҳо барои такмили ихтисоси табибони тоҷик, ки дар баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони маҳаллӣ нақши муҳим доранд, гузаронида мешаванд.
Дар рафти курсҳо табибони эронӣ бо ҳамкасбони тоҷик дар ташхис ва табобати бемориҳои нефрологӣ табодули таҷриба намуда, дар бораи муваффақиятҳои тиб дар кишвари худ сӯҳбат мекунанд.
Мутахассисони эронӣ инчунин ба беморон ташриф оварданд ва бо табобати бемориҳои нефрологӣ дар муассисаҳои тиббии маҳаллӣ шинос шуданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”