Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Деҳаи Питуп Дар ишкошим мактаби нав сохта шуд
Дар деҳаи Дурдасти Питупи ноҳияи Ишкошим бинои нави мактаби no 13 сохта шуд. Мактаби нав бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Сохтмони мактаби нав соли 2022 оғоз ефта, моҳи октябри соли ҷорӣ ба анҷом расид. Илова ба сохтмони босифати бино, минтақаи атрофи мактаб низ обод карда шудааст. Дар тамоми периметр гулҳо ва дарахтони ҳамешасабз шинонда шудаанд.
Худи бинои мактаб аз ду ошена ва 16 синфхона ва кабинетҳои васеъ иборат аст, инчунин майдончаи варзишӣ мавҷуд аст. Дар маҷмӯъ, ҳудуди мактаби нав 80 сотих заминро ташкил медиҳад.
Ба хонандагон 24 нафар омӯзгор таълим медиҳанд. Инчунин бояд қайд кард, ки хонандагони ин мактаб дар озмунҳои гуногун хеле фаъоланд ва нишондиҳандаҳои хуб доранд. Муаллимон мутмаинанд, ки бо беҳтар шудани шароит, муваффақиятҳои донишҷӯен дар таҳсил ва чорабиниҳои гуногун боз ҳам назаррас хоҳанд шуд.
Дар ин рӯзҳо маъмурияти мактаб ба давраи зимистон омодагии ҷиддӣ мегирад. Гармкунакҳои барқӣ ва 40 метри мукааб ҳезум, инчунин 24 тонна ангишт аллакай омода карда шудаанд.
Роҳбарияти мактаб итминон дорад, ки дар фасли зимистон раванди таълим самаранок амалӣ карда мешавад ва хонандагон метавонанд дар ҷойҳои гарм ва барҳаво машғул шаванд.
Муштари АСЛАМШОЕВА
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”