27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
22.10.2024 11:54

Бабри барфии аз Тоҷикистон, ки дар мамнуъгоҳи Русия аст, сеюмин бор таваллуд кард

Дар мамнуъгоҳи Саяно – Шушенскийи вилояти Красноярскийи Федератсияи Русия бабри барфие, ки аз Тоҷикистон бурда шуда буд, сеюмин фарзанд ба дунё овард. Дар ин бора дафтари матбуоти мамнуъгоҳи Саяно - Шушенский хабар додааст.

 “Ҷуфти мода дар охири моҳи май ва аввали июн таваллуд кард. Дар давраи тобистон аломатҳои бордоршавӣ мушоҳида шуд. Баъдан тахминҳои мо тасдиқ шуданд ва ҷуфти мода ду гурбача таваллуд кард” – гуфт, ходими илмии мамнуъгоҳ Роман Афанасев.

Гуфта мешавад, ки ин сеюмин фарзанди ҷуфти модаи бабри барфиест, ки аз Тоҷикистон ба мамнуъгоҳ оварда шудааст. Ин бабри барфӣ аввалин насли худ - ду гурбачаро дар соли 2020 таваллуд кард. Дар соли 2022 бошад, се гурбача, ду нар ва як мода таваллуд карда буд. Аввалин бор ин бабри барфӣ дар соли 2020 таваллуд кард, баъд дар соли 2022 ва ҳоло севумин бор аст, ки таваллуд мекунад.

“Бабри барфӣ бо гурбачаҳо асосан дар субҳу шом ба гардиш мебарояд. Гурбачаҳои ҷавони бабри барфӣ чолок ва бисёр эҳтиёткоранд ва ин нишон медиҳад, ки  аз ҳаракатҳои модари худ пайравӣ мекунанд” – таъкид мекунанд кормандони мамнуъгоҳ.

Бояд ёдовар шавем, ки мамнуъгоҳи Саяно - Шушенский дар вилояти Красноярский макони таърихии зиндагии ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бабри барфӣ мебошад. То соли 2017 бабри барфӣ дар ин мануъгоҳ вуҷуд надошт.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.