27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
21.10.2024 14:21

Дар Тифлис ҳазорон нафар ба тазоҳуроти "Гурҷистон Иттиҳоди Аврупоро интихоб мекунад" баромаданд

Дар шаҳри Тифлис дар майдони Озодӣ тазоҳуроти мухолифини "Гурҷистон Иттиҳоди Аврупоро интихоб мекунад" баргузор шуд.  

Тибқи иттилои нашрияи "Paper Kartuli", ҳазорҳо нафар ба майдони марказии шаҳри Тифлис баромадаанд, ки дар байни онҳо ҷонибдорон президенти амалкунандаи Гурҷистон Саломе Зурабишвили низ мушоҳида шудааст.  

Вай изҳор дошт, ки дар интихоботи парлумонӣ шаҳрвандон ба ояндаи аврупоии кишвар овоз медиҳанд. 

26-уми октябри соли 2024 дар Гурҷистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад, ки дар байни иштирокчиён 27 ҳизб, аз ҷумла "Орзуи Гурҷистон" ба қайд гирифта шудааст.  

Барои ба парлумон роҳ ёфтан ҳизбҳо бояд на камтар аз 5% овозро ба даст оранд.

Рақиби калидии "Орзуи Гурҷистон" ҳизби Михаил Саакашвили  Ҳаракати ягонаи миллӣ мебошад, ки сиёсати аврупогароиро дастгирӣ мекунад. 

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои Аврупо 17-уми октябри соли 2024 мақомоти Гурҷистонро дар вайрон кардани принсипҳо ва арзишҳои аврупоӣ айбдор кард ва ҳаракати кишварро барои ҳамгироӣ ба блок муваққатан боздошт.  

Ин қарор бо қабули Қонун дар бораи агенти хориҷӣ дар Гурҷистон ва манъи таблиғоти "ЛГБТ" ба вуҷуд омад.  

Сарвазири Гурҷистон Иракли Кобахидзе ин қарорро танқид кард ва онро беасос номид. 

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.