Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд
Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст
Хатлон 56 фоизи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро истеҳсол мекунад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии “Хатлон-инвест” таъкид шуд, ки истеҳсоли 56 фоизи маҳсулоти кишоварзии мамлакат ба вилояти Хатлон рост меояд.
Тибқи иттиллои мақомоти вилояти Хатлон 62 фоизи ғалла дар ҷумҳурӣ, 67 фоиза пахта, 52 фоизи пилла, 60 фоизи сабзавот, 78 фоиз маҳсулоти зироати полезӣ, 60 фоиз гӯшт, 42 фоиз шир, 43 фоиз маҳсулоти саноатӣ дар ин вилоят истеҳсол мегардад.
Тибқи омор дар соли 2023 дар вилоят 1,1 миллион тонна ғалладона, 1.8 миллион тонна сабзавот, 227, 3 ҳазор тонна картошка, 276, 2 ҳазор тонна мева, 125 ҳазор тонна ангур ва 229 ҳазор тонна пахта истеҳсол шудааст.
Вилояти Хатлон солона 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ содирот менамояд.
Дар форуми “Хатлон-инвест” соҳибкорони дохиливу хориҷӣ ширкат намуда, оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар вилоят ва стратегияи рушди он гуфтугӯ намуданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад