Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳизбуллоҳ бо ҳавопаймои бесарнишин ба қасри Натанёҳу ҳамла кард
Гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон бо як ҳавопаймои бесарнишин ба манзили зисти Бенёмин Натанёҳу дар Телевив ҳамла кард. Дар вақти ҳамла сарвазир ва ҳамсараш дар хона қарор надоштаанд.
Дар натиҷаи ҳамлаи паҳбодӣ таркиш ва оташсӯзӣ ба вуҷуд омадааст. Расонаҳо аз захмӣ шудани хизматгорони қасри Натанёҳу гузориш медиҳанд.
Дафтари сарвазири Исроил пас аз як соат ҳамлаи паҳпод ба манзили Бенёмин Натанёҳу дар минтақаи Қисрияи Телевивро тасдиқ кард. Паҳпод бо тай кардани 70 километр масофа ва гузаштан аз падофанди ҳавоӣ вориди манзили сарвазир шудааст.
Сарвазири Исроил пас аз ҳамла гуфтааст, ки маъмурони Эрон мақсади терори ӯро доштанд ва иштибоҳи бузург карданд.
Сарвазири Исроил дар ҳоле Эронро муттаҳам мекунад, ки гурӯҳи Ҳизбуллоҳ масъулияти ҳамларо бар уҳда гирифта, онро як ҳамлаи муваффақона донистааст.
Мақомоти расмии Эрон ҳам гуфтаанд, ҳамла ба манзили сарвазири Исроил кори Ҳизбуллоҳи Лубнон мебошад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”