27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
21.10.2024 11:13

Фаъолияти “ТВ миллӣ” -и Афғонистон бо амри Толибон қатъ мешавад

Бо дастури раҳбари гурӯҳи террористии Толибон фаъолияти телевизиони миллӣ дар ин кишвар қатъ хоҳад шуд. Дар бораи тасмими Толибон раиси телевизиони миллӣ Юсуф Аҳмадӣ дар мулоқот бо муҳаррирони он телевизион хабар додааст.

Ӯ гуфтааст, ки раҳбари Толибон дастур дод ва дар оянда телевизиони миллӣ шакли фаъолияташро ба радио тағйир дода, бо номи “Радиои шариат” кор хоҳад кард.

Як корманди телевизиони миллӣ ба нақл аз Юсуф Аҳмадӣ гуфтааст, ки фишорҳои зиёде аз сӯйи раҳбари Толибон барои қатъи фаъолияти расонаҳои тасвирӣ вуҷуд дорад. 

Ҳамчунин, Юсуф Аҳмадӣ гуфтааст, ки қатъи фаъолияти телевизиони миллӣ муқаддимаи манъ шудани фаъолияти телевизионҳо дар Афғонистон хоҳад буд.

Толибон дар қонуни нави амр ба маъруфи худ пахши тасвирии мавҷудоти зиндаро манъ карда буданд. Ҳамчунин, пахши барномаҳои телевизиони миллӣ дар Қандаҳор ва Тахор низ ҳафтаи гузашта манъ шуд.

Сухангӯйи Толибон қаблан гуфта буд, ки қонуни амр ба маъруф дар оянда нисбат ба ҳама расонаҳо татбиқ хоҳад шуд. Раҳбари Толибон дастур дода буд, ки телевизионҳо пахши барномаҳои тасвирии худро қатъ карда, ба фаъолияти радиоӣ гузаранд.

Гурӯҳи Толибон баъди сари қудрат омадан қонунҳои сахтгиронаро дар Афғонистон ҷорӣ кардаанд, ки он боиси вокуниши шадиди ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ гардид.

Телевизиони миллии Афғонистон давлатӣ мебошад. Ин телевизион беш аз ним аср аст, ки фаъолият дорад.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.