Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Мисриҳо дар Тошканд шакар истеҳсол мекунанд
Ширкати мисрии “Nile Sugar” тасмим гирифтааст, ки дар Тошканд корхонаи муштараки тавлиди шакар роҳандозӣ кунад. Лазиз Қудратов, вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон дар мулоқот бо директори генералии ширкати мисрии “Nile Sugar” Эмад Фарид масъалаи роҳандозии тавлиди шакарро баррасӣ кардааст.
Ҷонибҳо дар мулоқот парвариши лаблабӯи қанд ва ба роҳ мондани истеҳсоли шакар бо иқтидори 200 ҳазор тоннаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Намояндаи ширкат ба шароити сармоягузории Узбекистон баҳои баланд додааст.
Зимни суҳбат ҷонибҳо дар бораи татбиқи лоиҳаи мазкур ва суръат бахшидан ба корҳо дар ин самт ба тавофуқ расиданд.
Ширкати мисрии “Nile Sugar” соли 2006 ташкил шуда, як қисми холдинги “Orascom Croup” мебошад ва бузургтарин тавлидкунандаи шакар дар Миср ба ҳисоб меравад.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”