Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Тошканд Форуми XVII-и мубориза бо коррупсия доир гашт
Дар шаҳри Тошканд Форуми XVII оид ба мубориза бо фасод доир гардид, ки ҳайт аз Тоҷикистон бо сарварии муовини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Талбаков ширкат намуданд.
Дар форуми мазкур дар қатори намояндагони Тоҷикистон, аз Қазоқистон, Узбекистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Латвия, Финландия, Ҷумҳурии Корея, Чин ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА ширкат доштанд.
Дар Форум масъалаи мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ чун василаи пешгирии коррупсия, фарҳанги зиддикоррупсионӣ ҳамчун воситаи аз байн бурдани низоъҳои иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз бархӯрди манфиатҳо баррасӣ шуд.
Фазои форум илмӣ – мубоҳисавӣ буд ва иштирокчиён бо равишҳои мухталифи мубориза бо падидаи коррупсия ошно шуда, роҳҳои ҳамоҳангшуда барои мубориза бо падидаи мазкурро пешниҳод намуданд.
Дар форуми имсола масъалаи ҳамкорӣ дар заминаи табодули таҷриба, бозомӯзии таҷрибаҳо, таҳким додани ҳамкориҳои байниидоравӣ ва баррасии тамоюлҳои нави барномаҳои байналмилалии мубориза бо коррупсия баррасӣ шуд.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”