27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Беҳтаринҳои дувумин ҷашнвораи миллии "Тоҷи Сомон" муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд
Дар "Кохи Суруш"-и Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои Ҷашнвораи дуюми синамоии «Тоҷи Сомон» баргузор гардид.
Ба иттилои "Тоҷикфилм" имсол ҷоизаи «Беҳтарин филми мустанад» ба филми «Пайравони ҳақиқат»-и Рустам Шоазимов, ҷоизаи «Беҳтарин филми тасвирӣ» ба филми «Зани порсо»-и Фирдавс Насруллозода, ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарӣ» ба «Дар талоши ҳақиқат»-и Манзаралӣ Шералӣ, ҷоизаи «Беҳтарин филми дебют» ба филми «Фурӯғ»-и Одина Маҳмад, ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» ба филми «Модар»-и Нигина Раҷабова, ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» ба Рустам Отахонов барои филми «Танҳо ту», ҷоизаи «Беҳтарин дизайн» ба Восеъ Набиев барои филми «Танҳо ту», ҷоизаи «Беҳтарин наворбардор» ба Шуҳрат Қурбонов барои филми «Танҳо ту», ҷоизаи «Таваҷҷуҳи тамошобин» ба филми «Ғам»-и Музаффар Шодиев ихтисос ëфт.
Ҳамчунин «Беҳтарин нақши кӯдакона» ба Зулайхои Абдуҳаким барои филми «Се хоҳарон», «Беҳтарин нақши занона» ба Таҳмина Раҷабова барои филми «Зиндагӣ зебост», «Беҳтарин нақши мардона» ба Насриддин Нуриддинов барои филми «Зиндагӣ зебост», «Беҳтарин коргардон» барои филми «Зиндагӣ зебост» ба Далер Раҳматов, «Беҳтарин танзим» барои филми «Мактаби мардонагӣ» ба Дилшод Раҳмонов супорида шуд.
"Шоҳҷоиза"-и «Тоҷи Сомон» имсол насиби коргардони маъруф Муҳиддин Музаффар барои филми «Моҳӣ дар шаст» гардид.
Нахустин ҷашнвораи байналмилалии "Тоҷи Сомон" моҳи октябри соли гузашта дар Душанбе барпо шуда буд, ки дар он филми "Роҳ" - и коргардони тоҷик Носир Саидов соҳиби шоҳҷоиза гардид.
Бояд гуфт, ки ин ҷашнвора дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» баргузор мешавад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”