Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Борбади Марвазӣ баргузор мешавад
Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад
Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
Муаллифи "Тоҷикон дар масири таърих даргузашт
Нависанда ва пажӯҳишгари маъруфи тоҷик Мирзо Шукурзода дар пайи бемории тулонӣ дар синни 75-солагӣ аз дунë даргузашт.
Мирзо Шукурзода имсол ба дарëфти унвони баланди "Нависандаи халқии Тоҷикистон" шарафëб гардида, қаблан барои китоби "Ҷонпайванд" барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ шуда буд.
Мирзо Шукурзода соли 1949 дар деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҷаҳон омада, соли 1966 мактаби миёнаи зодгоҳаш ва соли 1973 бахши рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда буд.
Бояд гуфт, ки Шукурзода дувоздаҳ сол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (1992—2004) фаъолияти фарҳангӣ ва ду сол дар Афғонистон (1985—1987) ба ҳайси тарҷумон хидмат намуда буд. Ҳамчунин солҳо ба ҳайси мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагон ва маҷаллаи "Садои Шарқ" фаъолият доштааст.
Ӯ дар Кобул ва Теҳрону Душанбе ва Пешовари Покистон беш аз 20 китоби илмӣ ва пажӯҳишӣ ба чоп расондааст, ки маъруфтарини онҳо «Тоҷикон дар масири таърих» аст, ки борҳо дар Эрону Афғонистону Тоҷикистон мунташир шудааст.
Китоби «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно»-и Шукурзодаро соли 2007 ҳафтавори «Варорӯд» «Китоби беҳтарини сол» эълом карда буд.
Бояд гуфт, ки таълифоти нависанда дар бораи фоҷеаи Афғонистон низ бисëр арзишманд аст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад