Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Осорхонаи Бузурги Миср бо арзиши 1 миллиард доллар дар Гиза кушода шуд
Осорхонаи бузурги миср, ки дорои бузургтарин коллексияи артефактҳои мисри қадим дар ҷаҳон аст, баъзе аз толорҳои намоишгоҳи Худро кушод, хабар медиҳад би-би-си.
Маҷмааи 500 ҳазор метри мураббаъ зиеда аз 20 сол сохта шуда, дар наздикии пирамидаҳои Гиза ҷойгир аст.
Гуфта мешавад, ки дар осорхона зиеда аз 100 ҳазор экспонат ҷойгир карда мешавад, ки дар байни онҳо ганҷҳои қабристони шоҳ Тутанхамон мавҷуданд.
Меҳмонон ҳоло метавонанд доираи васеи экспонатҳо, аз ҷумла ҳайкалҳо, саркофагҳо ва мумиеҳоро бубинанд.
Ифтитоҳи аввалини осорхона соли 2012 ба нақша гирифта шуда буд, аммо бинобар арзиши баланд, ноустувории сиесӣ ва сипас пандемияи COVID-19 сохтмон борҳо ба таъхир афтод.
То имрӯз хароҷоти лоиҳа аз 1 миллиард доллари ИМА зиед шудааст.
Дар айни замон, экспозисияҳои барои мардум дастрас дар формати санҷишӣ кор мекунанд.
Санаи дақиқи кушодашавии расмӣ ҳанӯз зикр нашудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад