27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
18.10.2024 13:16

Дар деҳаи рушан Баррушон боғчаи нави кӯдакон кушода шуд

Дар Деҳаи Баррушони ноҳияи Рушони ҶБАО боғчаи нав барои 150 кӯдак ба истифода дода шуд, ки имкон дод, ки 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин карда шаванд.

Сохтмони боғчаи кӯдакони no 2 дар деҳаи Баррушони ноҳияи Рушан соли 2021 оғоз ефт. Он бо фармоиши Шӯъбаи маорифи ноҳия ва маблағҳои Донишгоҳи Осиеи Марказӣ сохта шудааст. Боғча кӯдакони се деҳаи наздикиро қабул мекунад.

Дар бинои нави боғча ҳуҷраҳои хоб барои 150 нафар, ошхона, синфхонаҳои васеи бозӣ ва таълимӣ, майдончаи кӯдакон ва ғайра мавҷуданд.

Дар фасли сарди сол, биноҳо бо гармидиҳии мутамарказ гарм карда мешаванд ва барқ дар аксари ҳолатҳо бо батареяҳои офтобӣ таъмин карда мешавад.

Сокинони Деҳаи Баррушон аз кушодани боғчаи кӯдакон хеле хушҳоланд, зеро онҳо инро муддати тӯлонӣ интизор буданд.   

Муштари АСЛАМШОЕВА

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.