Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд
Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст
Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти бонки нав дар кишвар иҷоза дод
Бонкии миллии Тоҷикистон ба фаъолияти бонки нав – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фридом Бонк Тоҷикистон” ва низоми интиқоли амалиёт бо асъори хориҷӣ иҷозатнома дод.
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар маросими супоридани иҷозатнома бар сарпарасти раёсати ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” гуфтугӯ намуда, барои густариши шабакаи фаъолияти Бонк, ҷалби амният ва пасандозҳо, додани қарзҳо, кушодани воҳидҳои сохторӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, зиёд намудани хизматрасониҳои бонкӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои рақамӣ ва ғайра тавсияҳо дод.
Сарпарасти ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” дар гуфтугӯ бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид кард, ӯ талош хоҳад кард, то ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” дар низоми бонкӣ мавқеи муносиб пайдо намуда, дар бозори хизматрасонии бонкӣ аз имкониятҳои мавҷуд истифода кунад.
Дар баробари додани иҷозатнома ба фаъолияти бонки нав дар Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ба низоми интиқоли пули “Unionpay international” низ иҷозатномаи фаъолият дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад