27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
18.10.2024 10:21

Яҳё Синвор - тарроҳи ҳамлаи 7-уми октябр ба Исроил кушта шуд

Яҳё Синвор, раҳбари ҳаракати фаластинии Ҳамос (дар Амрико, Исроил ва бархе кишварҳо ҳамчун ҳаракати террористӣ шинохта шудааст) ва тарроҳи амалиёти 7-уми октябр ба Исроил дар натиҷаи даргирӣ бо артиши Исрил кушта шуд.

Мақомоти низомии Исрои тасдиқ карданд, ки Яҳё Синвор дар натиҷаи даргирӣ бо лашкари 17-и Артиши Исроил дар минтақаи Рафаҳи Ғазза  кушта шудааст.

Радиои Исроил эълон кард, ки ба иллати номаълум будани ҷасадҳо рӯйи он озмоиши ДНК анҷом шуда ва натиҷаи озмоиш мусбат арзёбӣ гардидааст. Ин радио гуфтааст, ки даргирӣ бо Яҳё Синвор дар минтақаи Тал-ал-Султон дар Рафаҳи Ғазза рӯх дода ва Яҳё Синвор дар тан зиреҳпӯши низомӣ ҳамроҳ бо як фармондеҳи дигари Ҳамос қарор доштааст.

Яҳё Синвор яке аз ҷангҷӯён ва таҳиякунандаи амалиёти 7-уми октябр буд, ки пас аз кушта шудани Исмоил Ҳания дар Теҳрон масъулияти раҳбарии гурӯҳи Ҳамосро бар дӯш гирифт.

Яҳё Синвор дар рӯзҳои ахир иртиботаш бо мақомоти хориҷии Ҳамосро қатъ карда буд. Ба далели қатъи иртиботи ӯ бо мақомоти хориҷнишини Ҳамос музокироти оташбас ва озод кардани гаравгонони исроилӣ низ қатъ карда шуд.

Як мақоми Ҳамос ба телевизиони “Ал-арабия” гуфтааст, ки раҳбарони Ҳамос як рӯз қабл хабар доштанд, ки Яҳё Синвор ҳамроҳ бо ду мақоми аршади ин гурӯҳ кушта шудааст.

Расонаҳои исроилӣ аксеро нашр кардаанд, ки нишон медиҳад, ҷасади марде шабеҳи Яҳё Синвор дар зери харобаҳои бинои вайроншуда қарор дорад.

Мақомоти низомии Амрико низ марги Яҳё Синворро тасдиқ кардаанд.

Dialog.tj 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.