Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Борбади Марвазӣ баргузор мешавад
Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад
Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
Ҳафтаи синамои “Эрон” бо намоиши филми “Ҳук” оғоз гардид
Дар доираи ҷашнвораи “Тоҷи сомон” ҳафтаи синамои Ҷумҳурии исломии Эрон бо намоиши филми “Ҳук” - и ширкати ҳунармандон ва суханронии сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ифтитоҳ гардид.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва тамаддуниро василае барои ҳамкориҳои ҳунармандони Тоҷикистон ва Эрон донист ва чунин таъкид кард: “Ҳунармадони арсаи синамо метавонанд аз лобалои матнҳои таърихии муштарак феҳристи баланде аз бузургон, олимон ва мафохири оламгири порсигӯро таҳия ва осори мондагори онҳоро барои наслҳои оянда ба тасвир гиранд”.
Сафир таъкид намуд, ки бо ин роҳ мероси муштаракро ҳифз ва аз мусодираи он метавонем пешгирӣ кард.
Дар ҷараёни баргузории ҳафтаи синамои Эрон филми “Капитан”-и Муҳаммад Ҳамзаӣ ва “Ривояти нотамом”-и Алиризо Самадӣ нишон дода хоҳад шуд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад