27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
"Мазҳакаи маданӣ" ва дигар филмҳои русиро дар Душанбе намоиш медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар ҳошияи дувумин Ҷашнвораи миллии синамоии "Тоҷи Сомон" Рӯзҳои синамои Русия баргузор шуда истодааст.
Ба иттилои радиои Фарҳанг, дар доираи Рӯзҳои синамои Русия филмҳои "Мазҳакаи маданӣ", "Ман қадам мегузорам" ва "Савора" пешниҳоди тамошобинони тоҷик мегардад.
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Русия баргузор шуда истодааст.
Намоиш то 18 октябр идома меёбад. Дар доираи намоиш филмҳои «Комедияи маданӣ», «Савор», «Ман қадам мегузорам» намоиш дода мешаванд.
Гуфта мешавад, Рӯзҳои синамои Русияро ширкати Роскино бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия мегузаронад ва он бахше аз Ҷашнвораи миллии синамоии «Тоҷи Сомон» аст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор мешавад.
Манбаъ афзудааст, филмҳои русӣ дар кинотеатрҳои «Наврӯз » ва «Кайҳон» ба таври ройгон ба намоиш гузошта мешаванд.
Нахустин ҷашнвораи байналмилалии "Тоҷи Сомон" моҳи октябри соли гузашта дар Душанбе барпо шуда буд, ки дар он филми "Роҳ" - и коргардони тоҷик Носир Саидов соҳиби шоҳҷоиза гардид.
Бояд гуфт, ки ин ҷашнвора дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» баргузор мешавад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”