27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
17.10.2024 10:38

БАЪДИ АВҶ ГИРИФТАНИ ТАНИШ МИЁНИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ 1,4 МИЛЛИОН ҶАВОНОНИ КОРЕЯИ ШИМОЛӢ БА АРТИШ ПАЙВАСТАН МЕХОҲАНД

Кореяи Шимолӣ таъкид намуд, ки 16-уми октябри соли 2024 дар пайи авҷ гирифтани танишҳо бо Кореяи Ҷанубӣ 1,4 миллион ҷавонони ин кишвар барои пайвастан ба артиш ариза навиштаанд.

“Ҷавонон, аз ҷумла сарбозони даъватшуда, донишҷӯён ва аъзои иттифоқҳои ҷавонон қатъиян омадаанд, ба душманон нишон диҳанд, ки ҷанги воқеӣ ва боронҳои оташ чӣ гуна аст” – гуфта мешавад дар иттилооти мақомоти артиши Кореяи Шимолӣ.

Баъди он ки Кореяи Шимолӣ дар бораи аз ҷониби Кореяи Ҷанубӣ партоб намудани варақаҳои зиддиҳукаматӣ бо дронҳо аз болои пойтахт - Пхенян изҳорот пахш кард, вазъият бадтар шуд.

Неруҳои ҳавоии Кореяи Ҷанубӣ ҳамлаи бесарнишинҳои худро ба фазои ҳавоии Кореяи Шимолӣ рад мекунанд. Онҳо тахмин мезананд, ки фаъолони шаҳрвандӣ метавонанд дар паҳн кардани варақаҳо даст дошта бошанд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса, артиши Кореяи Шимолӣ қитъаҳои роҳҳо ва роҳи оҳанро дар наздикии марз нобуд кард, ки ба он неруҳои Кореяи Ҷанубӣ бо тирпаронии огоҳидиҳанда посух доданд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.