Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Президенти Қазоқистон аз нотавонии СММ изҳори таассуф кард
Қосим Жомарт-Токаев, президенти Қазоқистон аз нотавонии Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар қабули қарорҳои муҳимму сарнавиштсоз ибрози таассуф кард ва ислоҳоти асосиро дар сохтори ин ниҳод хостор шуд.
Сухангӯйи Президенти Қазоқистон Берик Волӣ ба хабаргузории “Казинформ” гуфтааст, ки призидент бо таассуф аз ин ки Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар гирифтани тасмимҳои муҳимму сарнавиштсоз ва ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ноком аст ва бояд дар он ислоҳоти сохторӣ бо дар назар гирифтани манфиати кишварҳои мухталиф анҷом шавад.
Сухангӯйи президент ба нақл аз ӯ гуфтааст, ки Созмони Милали Муттаҳид як созмони ҷаҳонӣ ва майдони аслӣ барои баҳсу ҳалли масъалаҳои муҳимми байналмилалист: “Агарчи Созмони Милали Муттаҳид камбудиҳое дорад, аммо ҳамчунон беҳтарин ниҳод барои эҷоди назми одилона дар сатҳи ҷаҳонӣ аст ва ниёз ба ҳимояти ҷомеаи байналмилалӣ дорад” – таъкид кардааст, сухангӯйи президент.
Сухангӯйи президенти Қазоқистон дар замин, аз аҳамияти созмони БРИКС ёдовар шуда, таъкид шудааст, ки масъалаи узвият ба созмони мазкур дар авлавияти Қазоқистон қарор надорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”