Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия барои тағйири “ному насаб” нисбати 5 ҳазор муҳоҷир “парванда” боз кардааст
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки Федератсияи Русия нисбати 5 ҳазор муҳоҷирони депортшудае, ки бо тағйири ному насаб вориди ин кишвар шудаанд, парванда боз кардааст.
Вазорати корҳои дохилӣ бо таъкиди ин ки дар оянда бо ҷорӣ шудани низоми биометрӣ дар майдони ҳавоӣ ва нуқтаҳои гузаргоҳи Русия раванди вуруди муҳоҷирон ба ин кишвар зери назорати ҷиддӣ қарор мегирад, ба онҳо тавсеа пешниҳод кардааст.
ВКД-и Тоҷикистон таъкид кардааст, ки аз 1 –уми декабри соли 2024 дар майдонҳои ҳавоии марказии шаҳри Маскав ва нуқтаи гузаргоҳи “Маштаково” низоми муайян кардани шахсияти беометрии муҳоҷирон роҳандозӣ хоҳад шуд, ки он баъдан дар тамоми нуқтаҳои гузаргоҳҳо мавриди амал қарор хоҳад гирифт.
Раванди мазкур кори шиносоии шахсияти шаҳрвандонеро, ки вориди хоки Русия мешаванд, осон мекунад. Дар оянда бо изи ангушт муайян карда мешавад, ки шахси воридшуда чӣ корнома дорад ва ба қонуншиканӣ даст задааст ё на.
ВКД Тоҷикистон дар иттилоияи худ чунин таъкид кардааст: “...Маҳдудияти вуруд ба Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки кӯшиши убури сарҳади давлатиро бо маълумоти тағйирёфтаи шахсият, яъне ивази ному насаби пештараи худ, ки иҷозати вурудро ба ФР надоштанд, қариб 5 ҳазор чунин шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардид. Нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар асоси маълумоти нави шахсият дар бораи манъи вуруд ба ФР қарор қабул карда мешавад”.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”