Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Олмон дар Душанбе намояндагӣ боз мекунад
Намояндагони Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёна (BVMW)-и Олмон барои кушодани намояндагии худ дар шаҳри Душанбе бо Тоҷикистон гуфтушунид анҷом додааст. Дар ин хусус, намояндаи Ассотсиатсия ба расонаҳо хабар додааст.
Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Олмон таъкид кардааст, ки феълан ин созмон дар 80 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дорад: “Мо бо ҷонибҳо дар ин кишвар барои пайдо кардани намояндагии муносиб гуфтушунидҳои фаъол дорем ва умедворем, ки намояндагӣ ба зудӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.”
Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Олмон қайд кардааст, ки онҳо дар Осиёи Миёна узв доранд ва бо чанд ширкати тоҷикистонӣ шартномаи тиҷоратӣ ба имзо расонидаанд: “Мо ҳатто як чорабинии онлайн оид ба пешбурди тиҷорат дар ин кишвар баргузор кардем, ки он ба имзои ёддошти тафоҳум бо ширкати “Тоҷинвест” марбут буд ва дар ин чорабинӣ чандин ширкатҳои узви Ассотсиатсия иштирок доштанд” – афзудааст, намояндаи ширкат.
Боя гуфт, ки Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Олмон дар Осиёи Миёна ҳамкорони зиёде дорад ва талош мекунад, ки коргарони соҳибихтисосро ба бозори меҳнати Олмон ҷалб кунад. Яке аз ширкатҳое, ки феълан дар Тоҷикистон барои ҷалби мутаххассисон кор мекунад, ширкати “Janser Consult” аст. Ширкати номбурда иттиҳоди байни соҳавӣ буда, аз соҳаҳои мухталиф ҳазорон аъзо дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”