Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
БА НОҲИЯҲОИ ВМКБ ЗИЁДА АЗ 1500 ТОННА АНГИШТ ФИРИСТОДА ШУД
6-уми октябри соли 2024 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ва деҳаҳои ВМКБ зиёда аз 1500 тонна ангишти истеҳсоли маҳаллӣ фиристода шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.
Мувофиқи маълумот дар минтақаҳои Вилоят нуқтаҳое ташкил карда шудаанд, ки сокинони маҳаллӣ метавонанд ангишти баландсифати истеҳсоли ватаниро бо арзиши қариб якуним маротиба камтар аз ангишти бозорӣ харид кунанд.
Илова бар ин, то фарорасии давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5 ҳазор тонна ангишт фиристода мешавад.
Ин ташаббус барои муътадил кардани нархҳо дар бозор тавассути таъмини дастрасии шаҳрвандон ва иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба ангишти арзон ва босифат барои истифода дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки имрӯз корхонаҳои истихроҷи ангишти Тоҷикистон қодиранд, ки аҳолии маҳаллиро бо маҳсулоти босифат пурра таъмин намоянд.
Дар доираи тадбирҳои андешидашуда як кило ангишт бо нархи 1 сомонӣ фурӯхта мешавад, ки нисбат ба нархи бозор қариб 50 фоиз арзонтар аст. Иҷрои нақша аз фиристодани мошинҳои боркаш ба ноҳияи Дарвоз оғоз ёфта, минтақаҳои дурдасти ВМКБ-ро низ фаро мегирад.
Илова бар ин, ангишт ба оилаҳои дорои имкониятҳои маҳдуди молиявӣ ройгон тақсим карда мешавад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”