27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Душанбе мизбони Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Тоҷикистон хоҳад шуд
Фардо, 16-уми декабр дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар оғоз мегардад. Дар ин бора, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст. Ифтитоҳи чорабиниҳо рӯзи 16-уми октябр, соати 18:00 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ оғоз ёфта, то 18-уми октябр идома меёбад.
Дар ин рӯз ҳамчунин, дидори вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон багузор мегардад, ки дар он ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Чорабиниҳои фарҳангӣ ҳамарӯза аз соати 17:30 то 22:00-и шаб идома ёфта, шомили намоишҳои санъатӣ-анъанавии Қатар, намоиши филмҳо аз Бунёди филмҳои “Давҳа-филм”, консерти сарояндаи машҳури Давлати Қатар Мансур Ал-Маҳандӣ, намоиши хӯрокҳои миллӣ ва ҳинобандӣ ва хаймаи қабули меҳмонон мебошад.
Дар ин миён ҳайати меҳмонони давлати Қатар, ки ҳудуди сад нафарро ташкил медиҳанд аз мавзеъҳои зебои Тоҷикистон ба мисли НБО “Норак”, Майдони “Истиқлол”, Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи “Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит” ва Маркази хизматрасонии “Дунёи ош” дидан менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки ин чорабинии мазкур бахшида ба 30-солагии ҳамкориҳои дипломатии ду кишвари ба ҳам дӯст баргузор карда мешавад.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”