Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Толибон пахши “акс” ва “видео”-и мавҷудоти зиндаро манъ кардаанд
Идораи амр бар маъруфи гурӯҳи террористии Толибон бо дастури амирашон гирифтани аксу навори мавҷудоти зинда ва пахши он дар телевизионро манъ кардааст.
Сайфулислом Хамир, сухангӯйи Вазорати амр бар маъруфи Толибон гуфтааст, ки “ин қонун дар саросари Афғонистон ҷорист ва ба тадриҷ иҷро хоҳад шуд”. Ӯ гуфтааст, пахши акси мавҷудоти зинда дар расонаҳо хилофи шариати ислом аст.
Бояд гуфт, Толибон дар моҳи гузашта қонунеро, ки ба гуфтаи худашон “амр бар маъруф ва наҳй аз мункар” аст, қабул карданд, ки тибқи он маҳдудиятҳои зиёде бояд дар саросари Афғонистон ҷорӣ гардад.
Дар Тахор идораи амр бар маъруфи ин гурӯҳ дастур додааст, фаъолияти телевизионҳо, ки боиси пахшу нашри аксҳои мавҷудоти зинда мешаванд, бояд қатъ шаванд ва онҳо дар формати радио фаъолияти худро ба роҳ монанд.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”