Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Тоҷикистон ба Қазоқистон 500 миллион метри мукааб об интиқол додааст
Сухангӯйи Вазорати захираҳои оби Қазоқистон иттилоъ додааст, ки Тоҷикистон барои таъмини заминҳои кишварзии ин кишвар 500 миллион метри мукааб об интиқол додааст.
Интиқоли об аз тариқи канали “Дӯстик” сурат мегирад ва алакай аз 1-уми июн сар карда, Тоҷикистон 488,6 миллион метри мукааб об интиқол дод, мегӯяд вазорати номбурда.
Ҳамчунин, Вазорати захираҳои оби Қазоқистон дар платформаи телеграмии худ иттилоъ додааст, ки миқдори оби интиқолдодашуда, нисбат ба рақамҳои соли гузашта бештар мебошад. Вазири захираҳои оби Қазоқистон гуфтааст, ки Тоҷикистон яке аз шарикони муҳим дар масъалаи таъмини оби заминҳои кишоварзии Қазоқистон боқӣ мемонад.
Ҳамчунин, Вазорати оби Қазоқистон иттилоъ додааст, ки аз 1-уми апрел то ба имрӯз Узбекистон ба Қазоқистон 1 миллиард метри мукааб об интиқол додааст.
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад