27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
15.10.2024 17:32

СОМОНАИ ДИФОИ «ТАД»-И АМРИКО БА НАҶОТИ ИСРОИЛ ВА АРАБИСТОН МЕОЯД

Президенти Амрико Ҷо Байден иттилоъ дод, ки дар бораи интиқоли сомонаи ТАД –и амрико ба Исроил ба мувофиқа расиданд ва қарор аст, барои роҳандозии он гурӯҳе аз сарбозони амрикоӣ вориди Исроил шаванд.

Тавофуқи интиқоли сомонаи “ТАД” ба Исроил баъди музокироти тӯлонии Бенёмин Натанёҳу, сарвазири Исроил бо президенти Амрико дар пайи таҳдидҳои Эрон сурат гирифт. Исроил аз ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳояш эълон карда буд, ки ҳамлаҳои густурда ба марказҳои низомӣ ва зерсохтҳои нафтии Эрон анҷом хоҳад дод.

Амрико барои ҷилавгирӣ аз густариши ҷанг бо ҳамлаи Исроил мувофиқ набуд. Зоҳиран пас аз суҳбатҳои чандсоатаи Ҷо Байден ва Бенёмин Натанёҳу Амрико ба ҳамлаи начандон васеъмиқёс чароғи сабз нишон додааст.

Эрон дар пайи эълони ҳамлаи Исрол ба кишварҳои Халиҷи Форс таҳдид карда буд, ки дар сурати убури ҳавопаймоҳои Исроил аз фазои ин кишварҳо онҳоро мавриди ҳамла қарор хоҳад дод. Дар тозатарин гузориши расонаҳо иттилоъ дода мешавад, ки Арабистони Саудӣ барои эмин мондан аз таҳдидҳои Эрон аз Амрико хостори сомонаи дифоии “ТАД” шудааст. Хабарҳо нишон медиҳанд, ки Амрико як сомонаи “ТАД”-ро дар Арабистони Саудӣ низ мустақар хоҳад кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.