Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нетаняҳу таҳдид кард ки ба Тамоми Лубнон зарбаҳои бераҳмона мезанад
Сарвазири Исроил Бинемин Нетаняҳу изҳор дошт, ки нерӯҳои мусаллаҳи исроил амалиети фаъолонаро алайҳи ҳаракати шиаи "Ҳизбуллоҳ" дар Тамоми Қаламрави Лубнон идома медиҳанд. ДАР ИН БОРА РИА Новости хабар медиҳад.
"Дар рӯзҳои наздик зарбаҳо ба Ҳизбуллоҳ дар Саросари Лубнон, аз Ҷумла Бейрут бераҳмона хоҳанд буд" Гуфт Нетаняҳу.
Бо ин изҳорот ӯ дар пойгоҳи низомии ЦАХАЛ дар атрофи Маҳаллаи Бинемин баромад кард, ки дар он 13 октябри соли 2024 як ҳавопаймои бесарнишин, ки Аз Лубнон Аз Ҷониби "Ҳизбуллоҳ" партоб шуда буд, зарба зад, дар натиҷа чор сарбоз кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд. Ҳамла ба ошхонаи артиш ҳангоми хӯроки шоми сарбозон рух дод.
Нерӯҳои ҳавоии исроил чор рӯз боз ба Бейрут рейд накардаанд. Вазири Мудофиаи Исроил Йоав Галант дар сӯҳбат бо Ллойд Остин, Раиси Пентагон қайд кард, ки посух ба ин ҳамла қатъӣ хоҳад буд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”