27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қатар ва намоиши ҳунарҳои мардумии қатариҳо баргузор мегардад
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар пагоҳ 15-уми октябр дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ëфта, се рӯз идома меëбад, - хабар додааст Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанг дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуда, дар ҳошияи он ҳамчунин вазирони фарҳанги ду кишвар мулоқот анҷом медиҳанд.
Гуфта мешавад, дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанг дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумии Қатар сурат мегмрад. Ҳамчунин гузаронидани чорабиниҳои канории Рӯзҳои фарҳанги Қатар дар шаҳри Норак низ дар назар дошта шудааст.
Манбаъ меафзояд, меҳмонони қатарӣ барои аз наздик шинос шудан бо таъриху фарҳанги мардуми тоҷик ва табиати зебои кишвар аз Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз», Маҷмааи «Истиқлол» ва мавзеъҳои зебоманзари дараи Варзобу шаҳри Норак дидан мекунанд.
Лозим ба зикр аст, ки Тоҷикистон ба Қатар дар ҳамаи заминаҳо робитаҳои хубу ҳасана ба роҳ мондааст. Шаш сол қабл, рӯзҳои 22-26-уми ноябри соли 2018 нахустин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар пойтахти Қатар — шаҳри Давҳа баргузор гардида буд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”