27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Дар Душанбе дувумин ҷашнвораи "Тоҷи Сомон" баргузор мешавад
Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" аз замони баргузории дувумин Ҷашнвораи ҷашнвораи синамоии "Тоҷи Сомон" хабар дод.
Гуфта мешавад, ин ҷашнвора аз 15 то 18 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» баргузор мегардад ва дар он синамогарони дохиливу хориҷӣ барои дарëфти ҷоизаи "Тоҷи Сомон" филмҳои офаридаи хешро пешниҳоди ҳакамону бинандагон мегардонанд.
Дар озмуни дарëфти ҷоизаи байналалмилалии "Тоҷи Сомон" филмҳои пурра, кӯтоҳи бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи навор омадаанд, ширкат хоҳанд кард.
"Тоҷикфилм" ҳамчунин иттилоъ додааст, ки дар доираи ин ҷашнвора, Рӯзҳои кинои Эрон, Беларус ва Русия, Форуми байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии Тоҳир Собиров, Питчинги байналмилалии лоиҳаҳои синамоӣ, дарсҳои «Устод ва шогирд» ва нишасти Шурои директорони киностудияҳо гузронида мешаванд.
Нахустин ҷашнвораи байналмилалии "Тоҷи Сомон" моҳи октябри соли гузашта дар Душанбе барпо шуда буд, ки дар он филми "Роҳ" - и коргардони тоҷик Носир Саидов соҳиби шоҳҷоиза гардид.
Бояд гуфт, ки ин ҷашнвора дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» баргузор мешавад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”