Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Антонио Гутерриш ба Исроил: “Ҳамла ба неруҳои посдори сулҳи СММ “ҷинояти ҷангӣ” маҳсуб мешавад”
Дабири кулли СММ дар посух ба дархости сарвазири Исроил оид ба хориҷ кардани неруҳои посдори сулҳи Созмони Милали Муттаҳид аз ҷануби Лубнон гуфтааст, ки ин неруҳо тамоми фаъолиятҳои худро идома медиҳанд ва ҳамла ба онҳо “ҷинояти ҷангӣ” маҳсуб хоҳад шуд. Дабири СММ ба зарурати ҳифзи амнияти неруҳои СММ ва таҷҳизоти онҳо таъкид карда ва аз тарафҳои даргири ҷанг хостааст, ки аз иқдоме ки боиси осеб задан ба ин неруҳо мешавад, худдорӣ кунанд.
Неруҳои посдори сулҳи СММ чанде қабл иттилоъ доданд, ки ду танки исроилӣ дарвозаи пойгоҳҳои ин неруҳоро вайрон карда, вориди он шудаанд ва пас аз 45 дақиқа пойгоҳҳоро тарк кардаанд. Дар пайи он бо шиллики неруҳои исроилӣ ба сӯйи неруҳои посдори сулҳ 15 сарбози неруҳои мазкур захмӣ шудаанд. Дар робита ба ин ҳодиса СММ хостори тавзеҳоти Исроил шуд ва аз ин кишвар хост ба қатъномаи 1701 пойбанд бошад.
Сарвазири Исроил - Бинёмин Нетанёҳу рӯзе қабл дар як паёми видеоӣ аз Антонио Гутерриш хост, ки неруҳои посдори сулҳи Созмони Милали Муттаҳидро аз ҷануби Лубнон хориҷ кунад.
Дар пайи ҳамла ба ин неруҳои посдори сулҳи СММ дар Лубнон 40 кишвари Аврупо дар баёнияе амалкарди артиши Исроилро маҳкум карданд. Фаронса бошад сафири Исроил дар Парижро дар пайи ин ҳамла эҳзор кард.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”