Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Набераи Руҳуллоҳ Ҳумайнӣ таблиғоти дурӯғин алайҳи афғонистониҳоро маҳкум кард
Ҳасан Ҳумайнӣ, набераи асосгузори Ҷумҳурии исломии Эрон дар суҳбате таъкид кардааст, ки “таблиғоти дурӯғин ва бедалел” бар зидди муҳоҷирони афғонистонӣ шакл гирифтааст. Ӯ бо таъкиди нақши мусбати афғонистониҳо дар ривоҷи сиёсати ҳукумати Эрон хоҳони аз байн бурдани таблиғоти дурӯғин шудааст.
Набераи бунёдгузори Ҷумҳурии исломии Эрон нақши мусбати афғонҳоро арзёбӣ намуда, гуфтааст, ки “на фақат мухариб набуда, балки бисёр созанда ва мусбат мебошанд”.
Дар як соли охир муносибати Ҳукумати Эрон нисбат ба муҳоҷирони афғонистонӣ тағйир ёфтааст. Шумори зиёди онҳоро мақомоти интизомии Эрон дипорт кардаанд. Кору фаъолияти афғонистониҳои муқими Эрон дар бисёре аз идора ва корҳо мамнуъ эълон шудааст. Шикояти муҳоҷирони афғонистонӣ дар хусуси муносибати бад ва хашини полиси Эрон низ мушоҳида мешавад.
Рӯзномаи “Фарҳехтагон” и Эрон дар гузорише навиштааст, ки кӯдакони афғонистониро дар Исфаҳон ба мактаб роҳ надодаанд, зеро онҳо мисли онҳо тоза набудаанд. Ин рӯзнома навиштааст, ки “донишомӯзони муҳоҷир беҳдошти фардиро риоят намекунанд”.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”