27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Нобели адабиёти соли 2024 ба нависандаи зани Кореяи Ҷанубӣ тақдим шуд
Нобели адабиёти соли 2024 ба нависандаи зани Кореяи Ҷанубӣ тақдим шуд
Ҳон Конг нависандаи Кореяи Ҷанубӣ сазовори Ҷоизаи Нобели адабиёт гардид.
Ҳон Конг, нависандаи 54 солаи аҳли Кореяи Ҷанубӣ ба унвони барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 2024 муаррифӣ шуд.
Кумитаи Ҷоизаи Нобел омили сазовор донистани Ҳон Конг ба ин ҷоизаро баёни “шоирона” ва тавсифҳои “осебҳои таърихии муқобила ва шиканандагии башар” донист.
Андерсан Олсан, раиси Кумитаи мазкур дар баёнияе гуфт: “Ӯ огоҳии хосе аз пайвандҳои байни бадан ва руҳ, зиндагиву марг дорад ва дар сабки шоирона ва таҷрибавии худ ба мубтакир дар насри муосир табдил шудааст”.
Ҳон Конг аввалин нависанда аз Корияи Ҷанубӣ аст, ки сазовори Ҷоизаи Нобели адабиёт мешавад. Вай кори нависандагиашро аз соли 1993 оғоз намуда, пас аз ду сол аввалин маҷмуаи худро ба номи “Ишқи Йинусу” чоп кард.
Ҳон Конг дар соли 1970 таваллуд шуда, бо романи “Гиёҳхор”, ки соли 2007 чоп шуд, ба шуҳрати ҷаҳонӣ расид.
То кунун 18 зан муваффақ шудаанд, ки ҷоизаи Нобелро ба даст биёранд.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”