27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
11.10.2024 10:32

Як ширкати узбекистонӣ бо Толибон қарордоди якмиллиарддоллара имзо кард

Мақомҳои Ҳукумати Толибон (ҳаракати террористӣ) қарордоди ҷустуҷӯ ва коркарди гази Тути майдони вилояти Форёби Афғонистонро бо арзиши як миллиард доллар бо як ширкати узбекистонӣ имзо карданд. Ширкати узбекистонии “Эриал компания ” масъулияти иктишоф ва коркарди майдони газии Тути майдони Форёбро бар уҳда гирифта, қарор аст, дар ибтидои кор 1000 миллион доллар ба ин тарҳ сармоягузорӣ кунад.

Мақомоти Толибон гуфтаанд, ки майдони гази Тути майдони Форёб дорои наздики 7000 километри мураббаъ масоҳат буда, муҳлати қарордоди имзошуда 25 солро дар бар мегирад. Ҳомюн Афғон сухангӯйи Вазорати маъдан ва саноати Толибон гуфтааст, ки ширкати узбекистонии “Эриал компания” барандаи қарордод шуда ва ин ширкат қарор аст, ки миллионҳо доллар дар ин бахш сармоягузорӣ кунад: “Ин ширкат дар ҷараёни як сол ба маблағи 100 миллион доллар барои истихроҷи гази ин минтақа сармоягузорӣ хоҳад кард ва ҳамчунин, вазифадор аст, то дар ду соли оянда аз гази истихроҷшуда беш аз 100 мегават барқ тавлид кунад”.

Ҳукумати Толибон, ки аз сӯйи ҷомеаи байналмилалӣ ба расмият шинохта нашудааст, то ин дам бо ширкатҳои чинӣ, туркӣ, узбекистонӣ даҳҳо қарордод ба арзиши садҳо миллион доллар имзо кардааст. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон аз бастани қарордодҳои Толибон норозиянд ва мегӯянд, ки гурӯҳи мазкур дар фаъолияти худ шаффофият нишон намедиҳад ва фасод дар фаъолиятҳои иқтисодии гурӯҳи мазкур бисёр дида мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.