27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
11.10.2024 09:50

Генерали эронӣ Исмоил Қоонӣ ба гумони ҷосусӣ ба нафъи Исроил муттаҳам мешавад

Расонаҳои наздик ба ҳукумати Қатар навиштаанд, ки генерали эронӣ Исмоил Қоонӣ ба гумони рахнаи иттилоотӣ дар сатҳҳои Сипоҳи қудс аз сӯйи маъмурони иттилоотии Эрон мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. “Скай нюс”- расонаи ғарбӣ низ аз қавли 10 манбаи худ аз Эрон гузориш дода, ки Исмоил Қоонӣ мавриди бозҷӯйии шадид қарор гирифта, дучори ҳамлаи қалбӣ шудааст. Ҳамчунин, раиси дафтари Исмоил Қоонӣ ва ҳамроҳонаш ба гумони ҷосусӣ ба нафъи Исроил боздошт шудаанд.

Тибқи иттилоъ, Исмоил Қоонӣ пас аз он ки Ҳасан Насруллоҳ мавриди ҳамлаи ҳавоии Исроил қарор гирифт, боздошт шуд. Мақомоти Ҳизбуллоҳ гуфтаанд, ки макони ҳузури Ҳасан Насруллоҳ аз тарафи низомиёни эронӣ ифшо шуда, боиси марги раҳбари Ҳизбуллоҳ гардидааст. Як манбаи Ҳизбуллоҳ ба расонаи қатарӣ чунин гуфтааст: “Ин нуфуз сад дар сад марбут ба тарафҳои эронӣ буд ва дар ин маврид ҳич шаке вуҷуд надорад”.

Беш аз як ҳафта ғайбати Исмоил Қоонӣ гумонзаниҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Дар ибтидо эҳтимоли захмӣ ва ё кушта шудани он матраҳ буд, вале тайи чанд рӯзи ахир масъалаи боздошт ва таҳти бозҷӯйӣ қарор гирифтани ӯ матраҳ шудааст.

Хабаргузории “Тасним”, ки наздик ба Сипоҳи посдорон аст, хабарҳои мавриди боздошт ва бозҷӯйӣ қарор гирифтани Исмоил Қоониро рад кардааст. Тасним расонаҳои Рейтерс ва Ню-Йорк таймсро ба дурӯғгӯйӣ мутаҳам карда, навиштааст “Рейтерз ва Ню- Йорк таймс ин рӯзҳо ахбори дурӯғашонро ба нақл аз “ду ё се манбаи муталеъ” менависанд.

Иброҳим Ҷобирӣ чанде қабл гуфта буд, ки Исмоил Қоонӣ дар саломати комил аст ва рӯзҳои наздик аз тарафи Оятуллоҳ Хоманаӣ нишони “Фатҳ” –ро дарёфт хоҳад кард.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.