Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
РАЁСАТИ ИДМ СОЛИ 2025 БА ТОҶИКИСТОН МЕГУЗАРАД
Аз 1-уми январи соли 2025 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад. Ин қарор дар саммите қабул шуд, ки дар он сарони давлатҳои узви ИДМ, ки 8-уми октябри соли 2024 дар Маскав баргузор гардид, ширкат карданд. Дар ин хусус Дафтари матбуотии Сарваи давлат хабар додааст.
Дар ин чорабинии байналмилалӣ роҳбарони Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Озорбойҷон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Беларусия ва Туркманистон ҳузур доштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав суханронӣ намуда, афзалиятҳои асосии раёсати Тоҷикистонро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баён намуд.
Дар байни вазифаҳои афзалиятнок, ки ӯ қайд кард, ба муҳокимаи роҳҳои бештар кардани кори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил диққати зиёд дода шудааст.
Президент аҳамияти идомаи талошҳоро барои таҳкими симои Иттиҳоди Далватҳои Мустақил дар арсаи ҷаҳонӣ махсусан таъкид намуданд.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки ҳамкории фаъол дар соҳаи экология, иқтисод, савдо ва фарҳанг идома хоҳад ёфт.
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад