Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳимояти беш аз 71 дарсади мардуми Қазоқистон аз сохтани неругоҳи ҳастаӣ
Президенти Қазоқистон тарҳи сохтани нахустин неругоҳи ҳастаиро пешниҳод кард, ки бо мухолифати бархе аз гурӯҳҳо дучор гашт. Мухолифони тарҳ мегӯянд, ки сохтани неругоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистон бо таҷриба аз замони Шӯравӣ ва фоҷеаи Чернобел метавонад барои ояндаи ин кишвар хатарнок бошад.
Қосим-Жомарт Токаев, президенти Қазоқистон бо ба назар гирифтани мухолифатҳо ба Комиссияи раъйпурсӣ дастур дод, то масъалаи сохтани нахустин неругоҳи ҳастаӣ ба овоздиҳӣ гузошта шавад.
Тибқи раъйпурсие, ки аз сӯйи комиссияи раъйпурсии Қазоқистон анҷом ёфт, 71,12 фоизи ширкаткунандагон ба ҳимоят аз тарҳи сохтани нахустин неругоҳи ҳастаӣ раъй додаанд.
Ҳукумати Қазоқистон барои коҳиши вобастагӣ ба неругоҳҳои ҳароратӣ, ки боиси олуда шудани ҳаво мегарданд, ба тарҳҳои таҷдидпазир рӯй овардааст.
Тарҳи нахустин неругоҳи ҳастаӣ чанде қабл аз сӯйи Ҳукумати Қазоқистон матраҳ шуд ва музокироте барои сохтани он бо ширкати “Русатом” анҷом шудааст.
Тарҳи сохтани неругоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки чанде қабл Ӯзбекистон ва Русия низ барои сохтани неругоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбакистон мувофиқатнома имзо карданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”