27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
10.10.2024 10:57

Нишасти XXIII-и сарони кишварҳои узви Шанхай дар Покистон доир мешавад

Вазорати корҳои хориҷаи Покистон мегӯяд, ки бисту севумин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Шанхай бо мизбонии Покистон рӯзҳои 15 – 16-уми октябр дар Исломободи Покистон баргузор мешавад.

Тибқи иттилои сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Покистон дар нишасти мазкур узви доимии Созмон, меҳмонҳои вижаи он, узви нозир ва дигар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат менамоянд. Дар ҷаласаи сарони Созмон ҳадафҳои он, масъалаҳои равобити иқтисодиву тиҷоратӣ, тақвияти ҳамкориҳо ва нақшаи роҳ барои фаъолияти минбаъдаи он баррасӣ ва муҳокима хоҳад шуд.

Мамтоз Заҳро, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Покистон таъкид кард, ки кишвараш раиси давраи Шурои давлатҳои узви Шанхай аст ва бо ин далел нишасти мазкур бо мизбонии сарвазири ин кишвар Муҳаммад Шаҳбоз Шариф доир мегардад. Ӯ меафзояд “Илова бар аъзои доимии Созмон кишварҳои Муғилистон ҳамчун узви нозир, Туркманистон ҳамчун меҳмони вижа ва дигар намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони конфронси таомул ва иқдомоти эътимодсозии Осиё (CICA), Созмони кишварҳои муштаракулманофеъ (CIS) ва Созмони ҷомеаи иқтисодии Аврупо (EEC) низ дар нишаст ширкат хоҳанд кард” .

Вазорати корҳои хориҷаи Покистон таъкид мекунад, ки доир шудани нишасти сарони кишварҳои узви Шанхай нишондиҳандаи уҳдадориҳои устувори ин кишвар бар ҳадафҳо ва маншури Созмон аст.

Покистон ба манзури таъмини амнияти меҳмонон рӯзҳои баргузории нишастро дар Исломобод, Ровалпандӣ ва дигар минтақаҳои наздики пойтахт рухсатии умумӣ эълон намудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.