Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Қолибоф бо як сафари серӯза ба Душанбе меояд
Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ба Душанбе меояд. Дар ин хусус, Фатҳуллоҳ Тавассулӣ, раиси дӯстии парлумони Эрону Тоҷикистон чанде қабл хабар дод. Ӯ гуфт, дар ин сафари серӯза Муҳаммадбоқир Қолибоф дар маросими солгарди Конститутсияи Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.
Фатҳуллоҳ Тавассулӣ таъкид кард, ки дар ин сафар Муҳаммабоқир Қолибоф бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадтоҳир Зокирзода мулоқот хоҳад кард: “Аз манзари чандҷониба метавон ба ҳузури раиси парлумон дар Конфронси солгарди Қонуни асосии Тоҷикистон ишора кард ва аз баъд дуҷониба - раиси парлумони Эрон ва ҳайати ҳамроҳ бо Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дидор хоҳанд дошт”.
Муҳаммадбоқир Қолибоф дар суханронии қабл аз сафараш ба шаҳри Душанбе гуфтааст, ки сафар ба Тоҷикистон фурсате барои пайгирии сиёсатҳои қатъии давлат ва маҷлис дар иртибот бо ҳамсоягон аст.
Раиси парлумони Эрон таъкид кардааст, ки бо Тоҷикистон аз ҷиҳати тамаддунӣ, фарҳангӣ, иҷтимоиву забонӣ ва иқтисодӣ иртиботи роҳбурдӣ доранд: “Иртибот чӣ дар сатҳи парлумонҳо ва чӣ дар сатҳи ду давлат ва комиссиюни муштарак дар авҷи худ қарор дорад ва тайи се соли гузашта, сафарҳои зиёде байни мақомоти ду кишвар анҷом шудааст”.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”