27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Едгориҳои қадимии тоҷикистон бори аввал дар Осорхонаи Бритоние Дар Лондон муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон бори аввал дар таърихи истиқлолияти худ едгориҳои қадимаи таърихи тоҷикистонро дар Осорхонаи Бритоние Дар Лондон дар намоишгоҳи "Роҳи Бузурги Абрешим"муаррифӣ мекунад. Чорабинӣ 26 сентябри соли 2024 кушода шуда, то 23 феврали соли 2025 идома меебад.
Дар намоишгоҳ зиеда аз 300 экспонат аз 29 коллексияи ҷаҳон, аз ҷумла экспонатҳо аз фонди осорхонаи Миллии Тоҷикистон намоиш дода шудааст. Экспонатҳои аз Тоҷикистон ба намоиш гузошташуда ба фарҳанги буддоии асрҳои VIVIII тааллуқ доранд, ки дар едгориҳои Аджинатеппе, Кофарнихон ва Вахш пайдо шудаанд.
Тадқиқотҳо ва таҳлилҳои сершумор исбот карданд, ки дар замонҳои қадим Мардуми Бумии Осиеи Миена, аҷдодони тоҷикон – суғдиен ва бактриен дар қаламрави Роҳи Бузурги Абрешим нақши муҳим доштанд ва пайвандгари Шарқ ва Ғарб буданд. Аз ҷумла, забони муоширати байнимиллӣ дар ин магистрал маҳз забони суғдӣ ҳисобида мешуд.
Едовар мешавем, ки намоишгоҳи байналмилалии "Роҳи Бузурги Абрешим" то 23 феврали соли 2025 дар павильони Намоишгоҳи Сэйнсбери осорхонаи Бритоние дар Лондон ба таваҷҷӯҳи меҳмонон боз хоҳад шуд.
Мадина ВОХИДОВА
Муколама.Тиҷей
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”


