Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
РУСИЯ ВОРИДОТИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ МЕВАВУ САБЗАВОТРО АЗ ҚАЗОҚИСТОН МАНЪ МЕКУНАД
Русия воридоти ғалла, маҳсулоти коркарди он, меваю сабзаҷотро манъ мекунад. Ниҳоди "Росселхознадор"-и Русия зимни шарҳи қарор манъи воридоти маҳсулоти зикршуда аз Қазоқистон гуфт, ки ба талаботи карантинӣ посухгӯ нестанд.
Росселхозанадор ба кумитаи нозироти КҲФ Қазоқистон муроҷиат кард, ки аз 23-уми сентябри соли 2024 додани сертификатҳои фитосанитарӣ барои содироти ғалла, маҳсулоти коркардшуда, помидор, пиёз, тухми офтобпараст аз кишварҳои сеюм ба Русия қатъ карда шавад.
Бар асоси изҳороти идораи мазкур чораҳо барои таъмини накӯаҳволии фитосанитарӣ, нигоҳ доштани рушди хоҷагиҳои гармхонаи Русия ва идомаи содироти ғалла ва маҳсулоти меваву сабзавоти Русия зарур мебошанд.
Бояд қайд кард, ки Қазоқистон дар ин мавсим интиқоли маҳсулоти кишоварзиро тавассути Русия ба Аврупо ба нақша гирифтааст. Ин нақшаҳо ҳоло зери хатар қарор доранд.
Содиркунандагони қазоқистонӣ аллакай дар интиқоли мол дар қаламрави Русия мушкилот доштанд. Коршиносон ҳадс мезананд, ки ин ҳодиса ба манъи воридоти гандум аз Русия алоқаманд аст. Пештар Иттиҳодияи ғалладонагии Қазоқистон пешниҳод карда буд, ки воридоти Русия аз нав оғоз карда шавад, то интиқоли транзитии худро ба воситаи Федератсияи Русия ҳимоя кунад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”