Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сардори сипоҳи қудси Эрон нопадид шудааст. Исмоил Қоонӣ дар куҷост?
Исмоил Қоонӣ, сардори неруҳои Сипоҳи қудрси Эрон пас аз ҳамлаи Исроил ба қароргоҳи Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон нопадид шудааст.
Расонаҳо менависанд, ки Исроил бо бомбаҳои сангаршикан қароргоҳи зеризаминии Ҳизбуллоҳро ҳадаф қарор дода. Дар аснои ҳамлаи Исроил генерали эронӣ Исмоил Қоонӣ бо Ҳошим Сайфиддин, ҷонишини Ҳасан Насруллоҳ ҷаласаи корӣ доштаанд.
Артиши Исроил пас аз анҷоми ҳамла гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд Ҳошим Сайфиддин ва як қатор раҳбарони раддаи аввали Ҳизбуллоҳ дар ин ҳамла кушта шудаанд. Мақомоти низомии Исроил ва Амрико ҳанӯз ба таври дақиқ кушта шудани Ҳошим Сайфиддинро тасдиқ накардаанд. Манбаъҳо аз дохили Ҳизбуллоҳ гуфтаанд, ки пас аз ҳамлаи Исроил ба қароргоҳи зеризаминии Ҳизбуллоҳ иртибот бо Ҳошим Сайфиддин қатъ шудааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хориҷӣ роҷеъ ба нопадид шудани Исмоил Қоонӣ баҳсҳои доғе ҷараён доранд. Расонаҳои ғарбӣ аз қавли манбаъҳои худ дар Сипоҳи посдорони Эрон гуфтаанд, ки пас аз ҳамлаи Исроил ба қароргоҳи Ҳизбуллоҳ иртибот бо Исмоил Қоонӣ қатъ гардида, ба эҳтимоли зиёд Исмоил Қоонӣ ё захмӣ ва ё кушта шудааст.
Исмоил Қоонӣ пас аз терори Қосим Сулаймонӣ аз ҷониби Амрико ба фармондеҳии умумии Сипоҳи қудси Эрон мансуб шуд. Генерали эронӣ 67 сола буда, дар давраи сардории Қосим Сулаймонӣ масъулияти ҷонишинии Сипоҳи қудси Эронро бар уҳда дошт.
Пас аз кушта шудани раҳбари Ҳизбуллоҳ - Ҳасан Насруллоҳ генерали эронӣ Исмоил Қоонӣ барои кумаки ин гурӯҳ ба Лубнон сафар кардааст.
Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки Исмоил Қоонӣ ҳафтаи гузашта вориди Лубнон шуда.
Дар намози ҷумъаи ҳафтаи гузашта, ки бо имоматии Сайид Алӣ Хоманаӣ, дар саҳнаи кушод баргузор шуд, Исомил Қоонӣ ҳузур надошт. Раҳбарони аввали низоми Эрон ҳамеша дар маҷлисҳои расмӣ дар канори Сайид Алӣ Хоманаӣ - раҳбари Эрон ҳузур меёбанд. Ғайбати ӯ дар намозе, ки бо ҳузури раҳбари аввали Эрон баргузор шуд, гумонзаниҳо дар мавриди захмӣ ва ё кушта шуданаш дар Лубнонро бештар мекунад.
Дар ин бора “The New York Times” аз қавли се манбаи эронӣ навиштааст, Исмоил Қоонӣ дар қароргоҳе, ки дар замони ҳузури Ҳошим Сайфиддин мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифт, ҳузур доштааст.
Сарчашмаҳои расмии Эрон, аз ҷумла сомонаҳои марбут ба Шурои амнияти миллии Эрон бо баёнияи на он қадар рӯшан хабари кушта шудани Исмоил Қоониро рад кардаанд.
Бояд гуфт, ду рӯз қабл номае аз Исмоил Қоонӣ дар маҷлисе, ки ба ифтихори кӯдакон баргузор шуда буд, қироат гардид. Қироати нома дар ғайби Исмоили Қоонӣ гумонзаниҳоро дар мавриди нопадид ё кушта шуданаш бештар кардааст.
Ҷанги Ҳизбуллоҳу Исроил пас аз ҳамлаи 7-уми октябри гурӯҳи Ҳамос ба хоки Исроил оғоз шуд. Дар аввал ҷанги Ҳизбуллоҳ ва Исроил ба мушакпарронӣ ҷараён дошт. Ҳоло тӯли беш аз ду ҳафта Исроил бо ҳадаф қарор додани марказҳои низомӣ ва раҳбарони раддаи аввали Ҳизбуллоҳ ҷангро густариш додааст. Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил бо бомборониҳои шадид харобиҳои зиёдеро дар Лубнон ба бор оварда, боиси талафоти ғайнизомиён шудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”