27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
"Дов"- ро охирин бор дар экрани калон намоиш медиҳанд
Коргардони "Дов" Муҳиддини Музаффар гуфт, ки филми мазкурро ин ҳафта охирин бор дар экрани калон ба намоиш мегузоранд.
Дар ин бора Муҳиддини Музаффар дар саҳифаи фейсбукии худ иттилоъ дода, аз ҷумла навиштааст:
"Надида бошед ва ё такроран дидан хоҳед биёед. Чун... Дигар ин филмро дар экрани калон намебинед. Эҳсоси экрани бузург дигар аст".
Гуфта мешавад, филми мазкур аз 8-ум то 11-уми октябр ҳар бегоҳ соати 18:00 дар кинотеатри "Ватан"-и Душанбе рӯи пардаи синамо меравад.
Муҳиддини Музафффар ҳамчунин ба суоли корбаре ба ин мазмун посух додааст, ки "Дов" то чанд соли дигар ба шабакаи Ютуб гузошта нахоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки нахустнамоиши ин филм ду сол қабл дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, аз ҷониби синамошиносон баҳои баланд гирифта, ҳамчунин дар синамобазмҳои байналмилалӣ соҳиби чандин ҷоиза шуда буд.
Аз ҷумла, соли 2022 филми "Дов" дар аввалин синамоҷоизаи милии "Тоҷи сомон" ҷоизаҳои "Беҳтарин филм" ва "Беҳтарин нақши мардона"-ро соҳиб гардид.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”