27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
09.10.2024 09:09

БА НОҲИЯҲОИ ВМКБ ЗИЁДА АЗ 1500 ТОННА АНГИШТ ФИРИСТОДА ШУД

6-уми октябри соли 2024 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ва деҳаҳои ВМКБ зиёда аз 1500 тонна ангишти истеҳсоли маҳаллӣ фиристода шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.  

Мувофиқи маълумот дар минтақаҳои Вилоят нуқтаҳое ташкил карда шудаанд, ки сокинони маҳаллӣ метавонанд ангишти баландсифати истеҳсоли ватаниро бо арзиши қариб якуним маротиба камтар аз ангишти бозорӣ харид кунанд. 

Илова бар ин, то фарорасии давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5 ҳазор тонна ангишт фиристода мешавад.  

Ин ташаббус барои муътадил кардани нархҳо дар бозор тавассути таъмини дастрасии шаҳрвандон ва иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба ангишти арзон ва босифат барои истифода дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 пешбинӣ шудааст.  

Гуфта мешавад, ки имрӯз корхонаҳои истихроҷи ангишти Тоҷикистон қодиранд, ки аҳолии маҳаллиро бо маҳсулоти босифат пурра таъмин намоянд.  

Дар доираи тадбирҳои андешидашуда як кило ангишт бо нархи 1 сомонӣ фурӯхта мешавад, ки нисбат ба нархи бозор қариб 50 фоиз арзонтар аст. Иҷрои нақша аз фиристодани мошинҳои боркаш ба ноҳияи Дарвоз оғоз ёфта, минтақаҳои дурдасти ВМКБ-ро низ фаро мегирад.  

Илова бар ин, ангишт ба оилаҳои дорои имкониятҳои маҳдуди молиявӣ ройгон тақсим карда мешавад. 

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.