Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
“Баҳси сатр дар солҳои 27”. Дар пеши Айнӣ "фаранҷӣ"-ро аз сар бардоштанд. Ҳадафи Айнӣ аз озодии зан чӣ буд?
Вақте “фаранҷӣ” ё “сатр” бардошта шуд, суоли озодии зан ва ба таҳсил фаро гирифтани ӯ ба ҳайси муҳимтарин “барномаи шахсиятсозии зан” матраҳ гардид.
Саҳнаи соли 1927, ки Садриддин Айнӣ дар он, дар назди беш аз 150 зану духтар сухан гуфт, танҳо як эпизоди маъракаи «Ҳуҷум ба фаранҷӣ» набуд. Он суолеро ба миён мегузошт, ки баъд аз қариб як аср ҳам посухи одӣ надорад: озодии занон аз куҷо оғоз мешавад, аз либос ё аз ҳуқуқи интихоб?
Дар як чойхонаи маҳаллаи Хоҷа Аҳрор беш аз 150 зану духтар ҷамъ омада буданд. Соли 1927 буд. Дар ҷомеае, ки тағйироти сиёсӣ бо анъанаҳои дерин бархӯрд мекард, масъалаи зан ногаҳон дар саҳнаи ҷамъиятӣ матраҳ шуда буд.
Дар президиум Садриддин Айнӣ нишаста буд. Маърӯза дар мавзуи «Озодии занон ва вазифаҳои ояндаи моён» садо дод. Баъд навбати Айнӣ расид. Фахриддин Маъруфӣ, хотиранигоре, ки ин саҳнаро сабт кардааст, мегӯяд, суханони ӯ «бо таъсир ва ҳамафаҳм» буданд. Муаллиф менависад, ки Айнӣ дар бораи баробарҳуқуқии занон ва духтарон ва озодона меҳнат кардани онҳо сухан гуфт.
Ин саҳна имрӯз метавонад мисли як тасвири кӯтоҳи таърихӣ ба назар расад: занон ҷамъ омадаанд, фаранҷӣ партофта шуд, нависандаи маъруф аз озодӣ сухан гуфт. Аммо агар ба он бодиққат нигоҳ кунем, суол хеле ҷиддитар мешавад.
Оё бардоштани фаранҷӣ худи озодӣ буд ё фақат оғози як роҳе, ки занонро ба сӯйи озодӣ мебурд?
Як либос, як маърака ва як ҷомеаи дар ҳоли тағйир
«Ҳуҷум ба фаранҷӣ» дар солҳои 1927 -1937 фақат маъракаи бардоштани фаранҷӣ аз сари занон набуд. Дар доираи сиёсати Шӯравӣ аз занон хоста мешуд, ки аз пӯшиши анъанавӣ даст кашанд ва ба таҳсил, меҳнат ва ҳаёти ҷамъиятӣ ворид шаванд. Дар Тоҷикистон низ маърака дар маҳаллаҳо ташкил карда мешуд.
Фахриддин Маъруфӣ дар ёддошти худ дар бораи соли 1927 ба ҷузъиёти муҳимми барномаи “фаранҷипартоӣ” ишора кардааст. Муаллифи он менависад, ки ӯ ҳамчун раиси комиссияи «Ҳуҷум ба фаранҷӣ» дар қитъаи Хоҷа Аҳрор таъин шуда, пеш аз оғози кор ба назди Айнӣ рафтааст. Айнӣ ӯро қабул карда, дар бораи баъзе хурофоти динӣ ва муносибати мардум ба фаранҷӣ маълумот додааст.
Баъд комиссия нақшаи маъракаро тартиб медиҳад. Пас аз фаранҷипартоӣ барои занон, курсҳои барҳам додани бесаводӣ ташкил карда мешуданд ва баъзе занон ба марказҳои ҳунармандӣ ҷалб мешуданд. Яъне, дар тасаввури ташкилкунандагон бардоштани фаранҷӣ бояд нуқтаи анҷом набошад. Он бояд оғози дигаргунии иҷтимоӣ мешуд: хондан, кор кардан ва ба ҳаёти ҷамъиятӣ ворид шудан.
Аммо худи ин маърака зиддиятҳои сахт дошт. Дар баъзе минтақаҳо заноне, ки фаранҷиро партофтанд, бо муқовимати ҷомеаи суннатӣ рӯ ба рӯ шуданд. Аз ин рӯ, «Ҳуҷум ба фаранҷӣ»-ро имрӯз наметавон танҳо бо як калима «озодӣ» ё «маҷбуркунӣ» шарҳ дод. Дар паси он ҳам сиёсати давлат буд, ҳам тағйири иҷтимоӣ, ҳам мубориза барои таҳсилу меҳнат ва ҳам муқовимати ҷомеа. Ва дар дохили ҳамин таърихи печида, саҳнаи Айнӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Айнӣ пеш аз «Ҳуҷум ба фаранҷӣ» ҳам дар бораи зан менавишт. Муҳим аст, ки мавқеи Айнӣ дар соли 1927-ро аз таърихи пешинаи фаъолияти ӯ ҷудо накунем. Масъалаи зан дар ҷаҳонбинии ӯ баъди оғози маъракаи «Ҳуҷум ба фаранҷӣ» пайдо нашуда буд. Айнӣ аз муҳити маорифпарварӣ баромада буд ва солҳо пеш аз Инқилоб ба масъалаҳои мактаб, саводнокӣ ва тағйири ҷомеа таваҷҷуҳ дошт.
Ҳатто дар соли 1922, панҷ сол пеш аз маъракаи маъруфи фаранҷипартоӣ, ӯ асари «Қизбола ё ки Холида»-ро навишт. Асар барои тарбияи духтарон таҳия шуда буд ва соли 1924 дар Берлин ба чоп расид.
Яъне, зан дар фаъолияти Айнӣ якбора мавзуи сиёсӣ набуд. Пеш аз он ки ӯ дар назди занони маҳалла дар бораи баробарҳуқуқӣ сухан гӯяд, масъалаи дониш, тарбия ва тағйири иҷтимоӣ солҳои зиёд дар фаъолияти ӯ ҷой дошт.
Инро таҳқиқоти айнишиносӣ низ таъкид мекунад. Дар китоби Рақиб Абулҳаев «Ситораи дурахшони осмони маъонӣ», ки ба ҳаёт ва фаъолияти академик Зариф Раҷабов бахшида шудааст, гуфта мешавад, ки ҳаёти занони пеш аз инқилобии ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи Айнӣ қарор дошт. Муаллиф менависад, ки Айнӣ ин зиндагиро «бо ақлу ҳуш ва чашми бинояш» дида буд ва орзу дошт, ки замоне озодии занонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ бинад. Ин манбаъ аз номи академик Зариф Раҷабов як хулосаи муҳим меорад: «Ба гуфтаи академик З. Раҷабов дар эҷодиёти доманадори Садриддин Айнӣ яксилсила образҳои занони фаъолро дарёфтан мумкин аст.»
Ин ҷумла муҳим аст, зеро ба мо имкон медиҳад, ки саҳнаи соли 1927-ро ҳамчун воқеаи ҷудогона набинем. Он як қисми раванди дарозтарест, ки дар он Айнӣ тағйири мақоми инсон ва махсусан занро дар ҷомеа мушоҳида ва тасвир мекард.
Бухорое, ки Айнӣ аз он берун омад
Барои фаҳмидани ин мавқеъ бояд ба Бухорои ҷавонии Айнӣ баргашт. Муҳите, ки ӯ дар он ба воя расид, ҷомеаи ором ва озоди иҷтимоӣ набуд. Айнӣ дар мадраса таҳсил кард, бо ҷаҳолат, фишори иҷтимоӣ ва низоми сахти амирӣ рӯ ба рӯ шуд ва таҷрибаи шахсии он давра баъдтар ба яке аз сарчашмаҳои муҳимми эҷодиёти ӯ табдил ёфт.
Аз ҳамин ҷо, як риштаи муҳимми зиндагии ӯ оғоз мешавад: маориф ҳамчун роҳи тағйири инсон ва ҷомеа.
Аз ин рӯ, вақте Айнӣ дар соли 1927 дар назди занон аз баробарҳуқуқӣ ва меҳнат сухан мегӯяд, ин суханро танҳо ҳамчун шиори сиёсии замон хондан хеле сода хоҳад буд. Он бо роҳи пешинаи фаъолияти ӯ ҳам дар пайванд аст.
Аз ёддошти шоҳидони соли 1927 мо медонем, ки Айнӣ ба ташкилкунандагони маърака маслиҳат додааст, дар маҷлис иштирок кардааст ва сухан гуфтааст. Мо намедонем, ки ӯ роҳбари маъракаи умумии «Ҳуҷум ба фаранҷӣ» буд ё сиёсати давлатии онро омода мекард. Айнӣ дар ин саҳна пеш аз ҳама ҳамчун зиёӣ, нависанда ва сухангӯи масъалаи иҷтимоӣ пайдо мешавад, на ҳамчун муаллифи сиёсати давлатии «Ҳуҷум ба фаранҷӣ».
Аз «озод кардани зан» то озодии худи зан
Шояд муҳимтарин қисми ин таърих ҳамин зиддият бошад. Давлат метавонист қарор қабул кунад, ки зан бояд фаранҷиро партояд. Аммо қарор додан дар бораи либос ба маънои худкор озод шудани инсон нест. Озодӣ метавонад маънои дигар дошта бошад: имкони хондан, кор кардан, соҳиби ҳуқуқ будан, дар бораи зиндагии худ қарор қабул кардан ва ҳамчун шахси мустақил дар ҷомеа ҳузур доштан.
Ёддоштҳои шоҳидони ҳаводиси соли 1927 худи ҳамин пайвандро нишон медиҳад, ки пас аз фаранҷипартоӣ сухан аз курсҳои бесаводӣ ва меҳнати занон мерафт. Пас, масъала танҳо фаранҷӣ ё сатр набуд. Аммо аз тарафи дигар, суоли душвортар боқӣ мемонад: агар зан маҷбур шавад «озод» шавад, оё ин озодӣ аст? Ин ҷо таърихи «Ҳуҷум ба фаранҷӣ» аз як достони одии пешрафт, ба масъалаи мураккаби интихоби инсон табдил меёбад. Зеро дар як тараф заноне буданд, ки таҳсил, кор ва иштироки ҷамъиятиро мехостанд. Дар тарафи дигар, ҷомеаи суннатие вуҷуд дошт, ки тағйироти босуръати аз боло ба поён омадаро ҳамчун таҳдид қабул мекард. Ҳамин аст, ки имрӯз таърихнигорон ба «Ҳуҷум ба фаранҷӣ» бо эҳтиёт менигаранд: он ҳам имкониятҳои нав ба вуҷуд овард ва ҳам муқовимат, низоъ ва дар баъзе ҷойҳо фоҷиаҳои сахтро ба бор овард.
Айнӣ дар марказ, аммо на дар ҷои раҳбар
Дар ин ҷо симои Айнӣ ҷолибтар мешавад. Ӯ на роҳбари «Ҳуҷум» буд ва на метавон аз як хотира хулоса кард, ки ӯ ҷонибдори ҳар амали маъмурии ин маърака буд. Аммо як чиз равшан аст: вақте ба ӯ имконият дода шуд, ӯ назди занон истод ва аз баробарҳуқуқӣ ва меҳнати озоди онҳо сухан гуфт. Ин далелро на бояд калонтар кард ва на хурдтар. Он танҳо як суханронӣ буд. Аммо суханронии як шахсе, ки худ аз муҳити мадраса ва ҷомеаи суннатии Бухоро гузашта буд, чизи нав дар он давра буд. Аз ин рӯ, фаранҷӣ дар достони Айнӣ танҳо як либос нест. Он нуқтаи буриши ду давра аст: ҷомеае, ки ӯ аз он баромада буд ва ҷомеае, ки дар пеши чашмаш ба вуҷуд меомад.
Дар ҳамин ҷо, масъалаи дигаре пайдо мешавад, ки дар бораи Айнӣ баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Айнӣ баъди Инқилоб бо сохторҳои нави Шӯравӣ ҳамкорӣ кард. Ӯ дар матбуот фаъол буд ва дар муҳити нави сиёсӣ ҳамчун нависанда ва зиёӣ нақш дошт. Аммо ҳамкорӣ бо сохторҳои Шӯравӣ далели узвияти расмии ВКП (б) ё “Ҳизби коммунист” набуд. Барои чунин иддао ҳуҷҷати мустақим, сабти аъзогӣ, корти ҳизбӣ ё протоколи қабули ӯ, лозим аст. Аз ин рӯ, дурусттар аст, ки дар бораи Айнӣ ҳамчун зиёие сухан гӯем, ки дар шароити нави шӯравӣ фаъолият мекард ва аз баъзе ғояҳои иҷтимоии он давра пуштибонӣ менамуд, аммо масъалаи узвияти расмии ӯро бе санади бойгонӣ ҳамчун далели қатъӣ зикр кардан нодуруст мебошад.
Хотираи фаранҷипартоие, ки баъд аз як аср боқӣ мондааст
Дар ниҳоят, шояд қимати асосии он хотира дар ҳамин бошад: он ба мо Айниро на танҳо ҳамчун чеҳраи адабӣ ва илмӣ, балки ҳамчун инсон дар дохили як воқеаи зиндаи таърихӣ нишон медиҳад. Беш аз 150 зану духтар дар як чойхона ҷамъ шуда буданд. Дар бораи озодии занон сухан гуфта мешуд. Айнӣ дар президиум менишинад. Сухан мегӯяд. Ва шоҳиди саҳна Фахриддин Маъруфӣ суханони ӯро дар мақолаи худ чунин тасвир мекунад. Фахриддин Маъруфӣ менависад: “Дар хотир дорам, ки як шаб маҷлиси умумии занҳо бо иштироки мардҳо ҷеғ зада шуд. Зиёда аз 150 зан ва духтарон дар бинои чойхонаи маҳалла ҷамъ шуданд. Маҷлисро аз комиссияи “ҳуҷум” -и қитъи Хоҷа Абдурауф Қурбонов кушод. Дар Президиуми маҷлис бо таклифи фаъолони гузар якуминшуда муҳтарам Айнӣ бо рафиқааш ҷой гирифтанд. Баъд дар мавзуи “озодии занон ва вазифаҳои ояндаи моён” маърӯза шунида шуд.
Баъд аз маърӯза суханони аввал ба домулло Айнӣ дода шуд. Ҷамъомадагони маҷлис занҳо ва духтарон бо чапакзанӣ Айниро табрик мекарданд, суханҳои домулло хеле ботаъсир ва ҳамафаҳм буд. Ӯ дар бораи баробарҳуқуқии зан ва духтарон ва озодона меҳнат кардани онҳо гап зада гуфт: “Мо бояд занҳо ва духтаронро аз балои фаранҷӣ озод карда, ба илму ҳунар ёд гирифтани онҳо амалан роҳбарӣ намоем, барои ба корҳои ҷамъиятӣ пешбарӣ кардани онҳо чораҳо ҷӯем”.
Устод дар зимни сухани худ, сабабҳои асосии ба рӯпӯшӣ маҷбур карда шудани занонро фаҳмонда дода, бо далелҳои зиёди иқноӣ зарарҳои фаранҷиро баён кард.
Устод дар охири сухани худ таклиф намуд, ки ҳамин чойхонаи сурхе, ки маҷлис шудааст, бо клуби занон мубаддал карда шавад ва дар ин ҷо кружокҳои ҳунаромӯзӣ ва курси барҳамдиҳии бесаводӣ ташкил карда шавад. Аҳли маҷлис ин таклифҳои устодро маъқул донистаанд ва қарорҳои маҷлиси умумӣ ба як овоз тасдиқ гардид.” (“Айнӣ дар хотироти дӯстон ва шогирдон”, с. 91).
Дар бораи он солҳо, адабиётшиноси маъруф Расул Ҳодизода дар китоби худ “Худоё худро бишносам” менависад: “Регистон он рӯз мисли маҳшар рӯзи қиёмат буд. Занони фаранҷипӯшу бефаранҷӣ ва мардони ҳизбиву ҳукуматӣ майдонро пуропур карда буданд. Дар як тараф минбар сохта буданд, ки он ҷо марду зан ба сухан баромада, “зиндагии зиллатовар ва пурмашаққати занони беҳуқуқро” дар замони зулму ситам маломат мекарданд ва имрӯз офтоби озодиро чун толеи дурахшони зану духтарон ситоиш менамуданд.
Баъд аз ҳар суханронӣ баъзе занҳо худашон ва аксар занҳои ҳизбии бефаранҷӣ фаранҷиҳои тозаву оҳариро аз сарҳои занон гирифта, ба оташ меандохтанд. Дар ин шӯру ғавғо, растохези фаранҷипартоӣ - ин воқеаи мудҳиши бегона, ҳуш аз сари модарам парида буд ва надониста монд, ки ба дасти касе ё қасдан ё тасодуфан рӯймоли он кас дармонду қариб аз cap афтода буд”.
Қариб як аср гузаштааст. Имрӯз мо медонем, ки фаранҷипартоӣ худ ба худ тамоми мушкилоти занро ҳал намекунад. Либос метавонад рамз бошад, аммо ҳуқуқ, дониш, меҳнат ва интихоби шахсӣ масъалаҳои амиқтаранд. Шояд маҳз ҳамин аст, ки саҳнаи соли 1927 ҳанӯз ҳам аҳамият дорад. Зеро саволи таърихӣ дигар танҳо ин нест, ки фаранҷӣ партофта шуд ё не. Суол ин аст, ки баъд аз он чӣ рӯй дод. Оё зан мактаб рафт? Оё савод омӯхт? Оё кор кард? Оё ҳуқуқ пайдо кард? Ва аз ҳама муҳим, оё тавонист барои зиндагии худ интихоб кунад?
Дар он чойхонаи маҳалла, соли 1927, Айнӣ аз баробарҳуқуқӣ ва меҳнати озоди занон сухан гуфт. Имрӯз, баъд аз қариб сад сол, шояд мо маънои аслии он суханро маҳз аз ҳамин ҷо бояд ҷӯем. Озодӣ шояд аз бардоштани парда оғоз шавад. Аммо озодӣ танҳо вақте воқеӣ мешавад, ки инсон ҳаққи интихоби роҳи зиндагии худро дошта бошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”